Тарбияро бояд дуруст ба роҳ монд
Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза рӯз ба рӯз хеле муташанниҷ мегардад. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мпнфиатдор дониста мешаванд. Худи экстремисту террорист кист ва онҳо чи мехоҳанд.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ буда, амалҳои онҳо яке аз проблемаи асосии имрӯза аст. Махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Онҳо кӯшиш доранд, ки ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳу восита зарари худро расонанд.
Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос набуда, террорист Ватан надорад. Имрӯз душманони миллат бо ҳар роҳу восита кӯшиш доранд, ки фазои ороит кишварро халалдор созанд. Терреристон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.
Амалҳои террористӣ — бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террорестӣ дошта дар шакли таркиш, пахши адамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, ҳимиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфу ҳалокати одамон аст, равона шудааст. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии террористон ноором кардани ҷомеа аст.
Баҳри амалӣ намудани ин ниятҳои нопокашон онҳо омода ҳастанд, ки ҳатто муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир дода, онро ба манфиати худ истифода баранд. Онҳо дар кишварҳои бегона истода ба тафаккури ҷавонони мо нохун мезананд, мехоҳанд, ки онҳоро гумроҳ созанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, алалхусус ҷавононро лозим аст, ки бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошанд. Онҳоро тарзе омода созем, ватани худро дӯст доранд. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд. Бештар хонандагони мактабҳои миёнаю донишгоҳҳоро ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб намоем. То ин ки онҳо дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд.
Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияти меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун бояд ташаккул ёбад. Дар зеҳни ҷавонон ҷой намоем, мо бояд Ватани худро ободу зебо намоем, зеро Ватани моро ба ғайр аз худамон касе оболу зебо наменамояд.
раиси Суди шаҳри Бӯстон
Боҳир Зоирзода
Суди шаҳри Бӯстон 