ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ҲХДТ

Пеш аз ҳамоиши ҳизбӣ маросими қадрдонии ғолибони даври шаҳрии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи натиҷаҳои мусобиқа, ҷойи якум насиби дастаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гардида, даста бо Ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардода шуд.