Коррупсия зуҳуроти номатлуб.

Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Барои пешгирӣ ва бартараф намудани ин падида қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми коррупсия дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи муқовимат ба коррупсия » муайян шудааст.

Мувофиқи қонун, коррупсия ин истифодаи ғайриқонунии мансаб ё ваколатҳои хизматӣ бо мақсади гирифтани фоидаи шахсӣ, моддӣ ё дигар манфиатҳо мебошад. Ба коррупсия ришвахорӣ , сӯиистифода аз мансаб, қаллобӣ, порахӯрӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дохил мешаванд.

Оқибатҳои коррупсия вазнинанд. Аввалан, коррупсия ба иқтисодиёти давлат зарар мерасонад, зеро маблағҳои давлатӣ ғайримақсаднок истифода мешаванд ва рушди иқтисодӣ суст мегардад. Дуюм, он ба беътимодии шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ оварда мерасонад. Вақте, ки шахсони мансабдор аз ваколатҳои худ барои манфиати шахсӣ истифода мебаранд, адолат ва қонуният халалдор мешаванд. Инчунин коррупсия метовонад ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ расонад. Масалан, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ метавонад беадолатӣ ба вуҷуд ояд. Ин ҳолат ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол намуда, имкониятҳои баробарро маҳдуд мекунад.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷавобгарии маъмурӣ