ТАНТАНАИ РӮЗИ ҶАҲОНИ ФУТБОЛ ДАР ШАҲР

25 май дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Бӯстон чорабинии бошукуҳи идона ва варзишӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши тантанавӣ Раиси шаҳр, раиси суд Боҳир Зоирзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, сокинон, ҷавонон ва дӯстдорону ҳаводорони футбол иштирок намуданд.

Ҳамзамон, аз ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол, дар самти рушди футбол, бунёди инфрасохтори замонавии варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин намуди оммавии варзиш ёдоварӣ карда шуд.