БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ БОШУКӮҲИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ » ТУ БАР ТАЪРИХ ПИРӮЗ ОМАДӢ»

29 майи соли 2026, дар толори Қасри Фарҳанги шаҳри Бӯстон ҳамоиши бошукӯҳи ҳизбӣ таҳти қнвони » Ту бар таърих пирӯз омадӣ » бо мақсади гиромидошти хотираи Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад, ҷиҳати тарғиби арзишхои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани худшиносии сиёсиву маънавии ҷомеа баргузор гардид.

Раиси суд Боҳир Зоирзода дар баромади худ нақши Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа таъкид намуда, онҳоро аз поягузорони давлатдории миллӣ номид. Дар борамадҳои худ қайд намудан, ки фаъолияти ин шахсиятхои таърихӣ имрӯз низ ҳамчун намунаи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аҳамияти калон дорад.