САДА ҶАШНИ БЕДОРӢ ВА ЭҲЁ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ! — тантанаи бошукӯҳи ҷашни Сада дар шаҳри Бӯстон
30-январи соли 2026 бо мақсади амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-январи соли 2026, № АП-952, мутобиқ ба ҷадвали баргузории ҷашну солгардҳо, фестивалу намоишҳо, идҳо ва озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, дар боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон ҷашни бостонии Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии идона раиси шаҳр, раиси суд Боҳир Зоирзода,роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуҳуҳ, хизматчиёни давлатӣ, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат вам намояндагони фаъоли ҷомеаи шаҳр иштирок намуданд.


Суди шаҳри Бӯстон 