ПАЁМ- ҲИДОЯТНОМАИ ФАРДОИ ДУРАХШОН!- шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

29-декабр дар Муассисаи давлатии » Мактаби Президенти барои хонандагони болаёқат»- дар шаҳри Бӯстон оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир гардид. Дар мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурмуҳаммад Шоҳиён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, раиси суди шаҳри Бӯстон Боҳир Зоирзода ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Мактаби Президенти барои хонандагони болаёқат Замира Рустамзода ва дигарон ширкат намуданд.