НАҚШ ВА МАВҚЕИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ менамояд. Дар асоси ин принсип шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба таври мустақил ва дар ҳамкории байниҳамдигарӣ фаъолият мекунанд.
Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим буда, боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ то рафт таҳким ёфта, суд вазифаҳои муҳими давлатро дар самти риоя ва ҳифзи аризишҳои олӣ — инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад.
Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Судяҳо дар фаъолоияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба кори онҳо манъ аст.
Конститутсия барои ҳама ҳифзи судиро кафолат додааст, яъне шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳояшон метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд ва суд дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бояд ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳимоя кунад ва дар сурати вайрон шудани онҳо ҳуқуқу озодиҳои худро барқарор намоянд.
Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танҳо ба суд салоҳият додаанд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарурият маҳдуд намояд, гунаҳгор ва бегуноҳии шахсро муайян созад, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқуҳои инсон, инчунин манфиати давлат ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ҳифз намуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин намояд.
Ин муқаррароти Конститутсия барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, эътимоди шаҳрвандонро барои таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо таҳким мебахшад.
Бинобар ин, зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани ин кафолати конститутсионӣ тамоми чораҳо андешида шаванд.
Қобили зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷалби васеи занон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эълон кардаанд.
Дар ин замина имрӯз дар низоми ҳокимияти судии мамлакат як қатор занон ки ба сифати раиси суд, муовини раис, раиси коллегияи судӣ, судя, кормандони дастгоҳи суд фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар таъмини адолати судӣ хеле назаррас мебошад.
Мо кормандони мақомоти судӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки зимни иҷрои вазифаи ба зимма доштаамон дар тањкими фаъолияти худ љињати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиати давлат, ташкилотњо, ќонунияту адолат, назорати иљрои сариваќтии санадњои судї, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судњо инчунин такмили ќонунгузорї дар ин самт бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ амал намоем.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти ҳокимияти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд». Ин таъкиди Президенти мамлакат мо кормандони мақомоти судиро муваззаф месозад, ки зимни иҷрои вазифаи ба зимма доштаамон дар тањкими фаъолияти худ љињати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиати давлат, ташкилотњо, ќонунияту адолат, назорати иљрои сариваќтии санадњои судї, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судњо инчунин такмили ќонунгузорї дар ин самт бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ амал намоем.
Ҳамин тариқ, системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти кишварамон ба марҳиллаи нави худ, қадам ниҳод.
Мувофиқи талаботи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз ҷониби судяҳо амалӣ карда мешавад.
Адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, суди вилоят, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии ВМКБ, суди иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, амалӣ менамояд. Бояд тазаккур дод, ки нақши ҷавонони меҳан низ дар татбиқи адолати судӣ назаррас аст. Ҷавонони меҳан имрӯз дар рушду нумуи давлатдорӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои калидии кишвар вазифаҳои гуногунро ишғол намуда фаъолияти софдилонаву содиқонаро анҷом дода истодаанд. Дар сохтори ҳокимияти судӣ низ ҷавонони дорои маълмуоти олии ҳуқуқшиносӣ дар мансабҳои мухталиф (судя, ёрдамчии раиси суд, пристави суд, мушовири суд, котиби маҷлиси судӣ ва ғ.) фаъолият бурда, баҳри амали намудани адолати судӣ ва қонуният, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳми босазои худро мегузоранд.
Ҳамчунин нақши ҷавонони кишвар, ки фаъолияти худро дар мақомоти судӣ пеш мебаранд дар таъмини адолати судӣ, фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои қонунҳо, бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бобати баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи қонунҳои амалкунанда, нақши муассир дошта, кӯшиш менамоянд, ки вазифаҳои ба уҳдаашон вогузоршударо бо сарбаландӣ анҷом диҳанд. Ҳақ ба ҷониби сарвари оқилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чунин иброз медоранд «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд». Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии давлатамонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ин қишри ояндасози миллату меҳан давомдиҳандаи кору пайкори насли калонсол, нерӯи созандаи дорои иқтидори воқеии пешрафти давлату ҷомеа, хулоса ояндаи миллату давлат мебошад.
Қобили қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлололии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки он барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.
Тибқи ин барномаҳо чандин қонун, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси Маъданӣ, Кодекси мурофиавии маъмурӣ ва қонунҳо қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмуъ, барои таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.
Инчнунин, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандони мақомоти судӣ бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид, ки он санаи 5 декабри соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ карда шуда, ба истифода дода шуд.
Аз ин хотир мо ҷавононро мебояд, ки аз насли равшанфикрону зумраи бузургони миллатамон хизмати софдилонаву содиқона ба ватану миллатро омӯхта, бо хислатҳои наҷиби инсонӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик хидмат намоем.
Ман ҳамаи Шумоёнро ба муносибати Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, хонаободӣ ва комёбиву муваффақиятҳо хоҳонам.
Пристави судии
Суди шаҳри Бӯстон Дилноза Анварҷонзода
Суди шаҳри Бӯстон 