Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – кафили сулҳ

Зиндагӣ кардан дар давлати ҳуқуқбунёд орзую ормони аҷдодони мо  тӯли ҳазорсолаҳо ба шумор рафта, ин неъмат имрӯз ба шарофати Истиқлолият насиби мо гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як шахс вазифадор аст, ки ба қадру манзалати он бирасад ва барои мустаҳкам намудани пояҳои ин шакли давлатдорӣ саҳмгузор бошад. Давлат масъулияти фароҳам овардани фазои ҳуқуқиро дар ҷомеа ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърифати ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва беҳдошти хизматрасонии ҳуқуқиро таъкид намуда, баҳри беҳбудии рўзгори халқ, боло рафтани сатҳи зиндагӣ, амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегии мамлакат, волоияти қонун ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро хеле муҳим арзёбӣ мекунанд.

Бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ чун кафили сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсат ва фарҳанги ҷомеа, пойдории принсипҳои демократӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳамеша дар мадди назари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол кафили сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардум буда, имкон фароҳам меорад, ки принсипи адолати иҷтимоӣ дар раванди давлатдорӣ таҳким ёбад. Мусаллам аст, ки фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама риояи тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба шумор меравад.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат водор месозад, ки ҳамаи мо, хоса, кормандони мақомоти судӣ бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда бештару беҳтар ва самаранок истифода бурда, дар татбиқи иқдомҳои инсондўстонаи Сардори давлат, ки маҷмӯан ба беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, покиза нигоҳ доштани генофонди миллат, ташаккули афкори созандаи халқ, инкишофи тафаккури миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ ва ба ояндагон мерос гузоштани мамлакати пешрафта равона шудаанд, саҳмгузор бошем. Инчунин, тарғибу ташвиқ тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба беҳтар шудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат карда, дар ин самт корро боз ҳам беҳтар ба роҳ хоҳем монд.

Котиби маҷлиси суди шаҳри Бӯстон      Ғаффорӣ Р.