Маърифати баланд инсонро аз рафтору кирдори бад бозмедорад!- баргузории мулоқоти масъулини Суди вилояти Суғд бо аҳли ҷамоатчии шаҳри Бӯстон
Бо мақсади шаҳру тавзеҳи нуктаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, тавзеҳи қонунгузории мамлакат дар самти истифодаи неруи барқ, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мулоқоти намояндагони Суди вилояти Суғд бо сокинон ва аҳли ҷамоатчии шаҳри Бӯстон доир гардид. Дар мулоқот муовини якуми раиси суди вилояти Суғд Тоҷиддин Ҳафизҳода, судяҳои суди вилояти Суғд Фирӯза Аҳмадзода, Нурулло Ашӯрзода, раиси суди шаҳри Бӯстон Боҳир Зоирзода ва муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ширкат намуданд. Ба мулоқот масъулини самти робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, кормандони соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, занону ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр даъҷат ва ширкат намуданд.



Суди шаҳри Бӯстон 