Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеъаи ҷаҳони
Пеш аз оне, ки мавзӯъи муқовимат бо коррупсияро мавриди омӯзиш қарор медиҳем аввал мо бояд муайян намоем, ки худи коррупсия чист ва чи оқибатҳоро ба бор оварда метавонад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уайд намудаанд, ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «Коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуд, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал даст зада, дар ҳамаи давру замон аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардад.
Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабулшуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди коррупсияро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт татбирандешӣ намуда истодааст.
Мо ҷавононро зарур мебояд ҳамеша ба суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайрави намуда мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткориҳо, терроризм ва экстремизма ва инчунин ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта.
Дар асоси гуфтаҳои болозикршуда сабт мекунам, ки халқи бо фарҳангӣ Тоҷикистон аз ҷумла мо ҷавонон баҳри ҳифз ва ҳимояи ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмондонаи бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекунем ва инчунин баҳри якпорчагии ин Ватани тозабунёд ҷони хешро дареғ намедорем!
Пристави суди шаҳри Бӯстон
Дилноза Анварҷонзода
Суди шаҳри Бӯстон 