ҶАВОНОН МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТАНД!

Тарбияи насли наврасону ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиме ба шумор меравад, ки он қисми таркибии сиёсати давлатиро дар ин самт ташкил медиҳад.

Сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқу ва тстифодаи босамари неруи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷамъият татбиқ мегардад.

Мақсади сиёсати давлатии ҷавонон иборат аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон, тарбияи шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҷалб намудани ҷавонон ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар мебошад.

Дар яке аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки » Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи қадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».

Мусаллам аст, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҷомеа ва давлат саҳми беназир доранд. Метавон мисол аз дастовардҳои варзишгарони наврасону ҷавонон ёдовар гардид, ки имрӯз онҳо варзиши тоҷикро ба қуллаи баланди шинохти ҷаҳон расонида, дар ҳама гуна чорабиниҳо ҷойҳои намоёнро ишғол карда, парчами давлати азизамон Тоҷикистонро баланд бардошта, бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба ватан бо ифтихору сарбаландӣ ва сарафрозиву дастовардҳои нодир бармегарданд.

Ба ҷуз аз ин, қишри ҷомеа дар озмунҳои илмиву фарҳангӣ ширкат варзида, дониши азалӣ, ҳунару фарҳанги халқи фарҳангпарвар ва тамаддунофари тоҷикро бинандагони олам ошно сохтанд, қадам ба ҷойҳои аввал гузошта, миллатамонро ҳамчун миллати бузургу донишманд ва тавонову соҳибфарҳанг маррифӣ намуданд.

Ин далолат аз натиҷаи сиёсати давлатӣ дар бахши ҷавонон медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шароити арзандаву шоиста фароҳам овардан ба ҷомеа , ба хусус ба насли наврасону ҷавонон ҳамаи тадбирҳои саривақтиро андешида, онро роҳандозӣ менамоянд, то ин ки наврасону ҷавонони мо дар роҳи ватанпарастӣ ба камол расида, дар пешбурди ҳаёти фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоии мамлакат мавқеи калидии хешро гузоранд.

Шукрона аз чунин ҷавонони ватандӯсту хештаншинос бояд кард, ки онҳо дар ҷаҳон номи тоҷикро ба қуллаи баланди эътибору эҳтиром мепайванданд.Боиси хурсандӣ аз он аст, ки мо тавонистем, ки насли ҷавононро дар роҳи бузурги камолоти инсонӣ, худшиносиву ватандӯстӣ ба воя расонем ва ба василаи илму ҳунари омӯхтаи онҳо миллату ӣаърихамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Вобаста ба ин, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми ҷавонон дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон , сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии » Роғун » илму фарҳанг ёдоварӣ намуда, дар ин асно дастур доданд, ки барои боло бурдани сатҳу смфати тарбияи наврасору ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Дар ин замина, қобил ба зикр аст, ки мо бояд дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, тезу тунд гаштани авзои сиёсии олам, бархӯрди фарҳанҳо, реша давонидани ҳар гуна зуҳуроти хатарнок аз, қабили терроризму экстримизм бо мақсади ҳифзу марзу буми давлат, фарҳангу ниёгон, ба раванди тарбияи насли наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ эҳтироми инсон ва ҳуқуқхои ӯ, шинохти фарҳангу ниёгон ва ҳифз сохтани онҳо, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем. Ба ин гуруҳи ҷомеа омӯзонем, ки онҳо ворисони ниёгон ва ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд. То насли наврасону ҷавонони мо боз ҳам дар чаҳорчӯбаи дурусти камолот, аҳлоқи қонун ва дар роҳи муҳабату садоқат ба ватану миллат ба камол расида, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат боз ҳам нақши хештанро гузоранд ва ҳамеша аз ҷумла равшанфикрону созандагони Ватан бошанд.

 

Пристави суд

Дилноза Анварҷонзода