ҲАЁТ БИДУНИ ЗӮРОВАРӢ! — баргузории семинари машваратӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Бӯстон ва бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр, оид ба баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ бахшида ба маъракаи иттилоотии «16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ », санаи 26 ноябри соли равон дар хамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Даҳр» дар меҳмонхонаи «Сипеҳр» семинари машваратӣ дар мавзӯи «Занони муваффақ барои ҳаёт бидуни зӯроварӣ» баогузор гардид.

Дар кори семинар намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занону духтарон, ҷалби онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ ва таҳкими нақши зан дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Семинар дар фазои созандагӣ ва ҳамкорӣ баргузор гардида, ҷиҳати тақвияти чорабиниҳои иттилоотӣ дар доираи маъракаи «16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ » аҳамияти хоса дошт.

Пристави судии суди шаҳри Бӯстон:

Дилноза  Анваҷонзода