РИОЯИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Дар мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур раси шаҳр, раиси суди шаҳри Бӯстон Боҳир Зоирзода ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндаи шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ширкат намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа раиси шаҳр иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рпоҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва расидан ба нақшаву барномаҳои стратегӣ иқдомҳои судманд рӯи кор гирифта, дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафту дастовардҳои шоиста ба назар мерасад.

Дар идомаи ҷаласа вобаста ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим, истифодаи самараноку оқилонаи замин, сарфакорона тстифода намудани неруи барқ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷомеа, аз ҷумла ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ аз масъулин пурсиш ба амал оварда шуд.