ВАРЗИШ- ОМИЛИ СОЛИМИ ҶОМЕА ВА ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ- баргузории Дави миллӣ ва марафони велесипедронӣ дар шаҳр

17- майи соли 2026 дар шаҳри Бӯстон, дар остонаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 , ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май ҳамчун Рӯзи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки раси шаҳр, раиси суди шаҳри Бӯстон Боҳир Зоирзода ва як қисми  кормандони дастгоҳи суди шаҳр , роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, варзишгарон, ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид. Дар чорабинии оммавии Дави миллӣ зиёда аз 3200 нафар сокинони шаҳр, аз ҷумла беш аз 1100 нафар бонувон фаъолона иштирок намуданд.