Истиқлолият ва озодӣ
Истиқлолият ва озодӣ арзиши бисёр бебаҳо дар ҳаёти ҳар як шахси бонангу баори Ватан мебошад. З4- сол аст, ки Суруди миллӣ ва Парчами давлатии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо дода, партавфишонӣ намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Истиқлолияти давлати мо ҷавон аст, аммо корнамоиҳои далеронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар таърих бо ҳарфҳои заррин ифшо гардиданд. Ва аз муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллатамон, ки дар роҳи вахдату озодӣ, истиқлоли сарзамини тамаддунофар қурбонихо кардаанд, моро ба Истиқлолияти давлатӣ расонидааст. Истиқлолияти давлатии мо рангест, тобанда чун рангҳои парчамамон, озодиест барои миллат ва мамлакат, соҳибихтиёриест баҳри ватандорони ватандўст. Мо дар муддати 34 — соли истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кўшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоишта равона созем.
Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрўзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат — ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Имрўз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузорад. Бо шарофати истиқлолият дар арсаи ҷаҳон мартабаи Тоҷикистон пайваста боло рафта, ташаббусҳои кишвари моро ба хотири амнияти мардуми сайёра дар сатҳи байналмиллалӣ мепазиранд.
Истиқлолияти ба дастовардаи мо, Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшидааст. Дарвозаҳои ҳама самти оламро ба рўи Тоҷикистон боз намуд. Танҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намоем ва ба сўи фардои дурахшон сарбаландона қадами нек гузошта истодаем. Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш умуман тамоми соҳаҳо ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол беҳтар мешавад.
Ҷоиз ба қайд аст, ки Тоҷикистони азиз аз бумбасти комуникатсиони баромада ба давлатҳои транзитӣ табдил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кушиш менамоянд , ки халқи тоҷик дигар азобу шиканҷаҳои давраҳои хунини ҷанги шаҳрвандиро набинад.
Аз ин лиҳоз ҳама кушиш ба харҷ диҳем, ки ҳамеша Парчами Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон. Итиқлолияти давлати азизамон поянда бошад.
Боҳир Зоирзода , Раиси суди шаҳри Бӯстон