НАҶОТДИҲАНДА ВА ХУРШЕДИ САМОИ БАХТИ МИЛЛАТ!

НАҶОТДИҲАНДА ВА ХУРШЕДИ
САМОИ БАХТИ МИЛЛАТ!

Дар таърихи инсоният ва ҳар қавму миллат замони таназзул, замони торик шудани осмони бахти миллат мавҷуд аст. Дар чунин даврони шадид ва ҷаҳолат ба ҳар миллату давлат наҷотдиҳандае фиристода мешавад. Дар охири садаи асри ХХ пас аз соҳибистиқлол гардидан бо таъсири қувваҳои беруна, дар кишварамон омилҳои дохилие пайдо гардида буданд, ки ба авҷ гирифтани мафкураи зиддидавлатӣ замина гузошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба маҷрои экстремизми сиёсию динӣ ва маҳалгароӣ табдил медоданд. Ин вазияти ногувор Тоҷикистони азизамонро ба ҷанги шаҳрвандӣ расонида буд. Ҷанги пурдаҳшат ҷони ҳазорон нафар сокинонро ба коми худ кашида, низоми сиёсию иқтисодиро фалаҷ гардонида, сохти конститутсионии давлат аз даст рафта буд. Шояд ба ҷавонони имрӯз бовар кардан мушкил бошад, ки он вақт тоҷики тамаддунаш аз қаъри қарнҳо оғоз гардида, ба хуни худ оғушта ва кишвараш ба харобазор табдил ёфта буд.
Хушбахтона дар айёме, ки ба Тоҷикистон хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудан таҳдид мекард ба бахти миллати тоҷдори мо аз байни халқи азияткашидаамон наҷотдиҳандае пайдо гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осмони бахти миллат чун хуршеди дурахшон ҳувайдо гардиданд.
Маҳз бо матонат, фидоии миллат будан ва меҳнати пурмашаққати шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қариб чор соли гуфтушунид ва вохӯриҳо дар шаҳрҳои Москав, Кобул, Теҳрон, Алмаато, Бишкек, Ашқобод ва дигар маҳаллу мавзеъҳо ниҳоят имзои санади тақдирсоз ва ҳаётбахши миллат муяссар гардид. Санаи 27-уми июни соли 1997-ро чун рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи ҷадиди Тоҷикистон бо хатҳои зарҳалин сабт гардид.
Ба имзо расидани ин санади тақдирсози миллат даврони нави дармон бахшидани захмҳо, сулҳу осоиштагӣ, рушду ишкишоф, дастоварду комёбиҳо, дӯстиву рафоқат, ҳамдиливу ягонагӣ ва давраи Эҳёи Тоҷикистонро оғоз бахшид.
Гурезагон ба ватан баргашта бо меҳнати софдилона ба созандагиву бунёдкорӣ шурӯъ намуданд. Муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳҳо, садҳо иншооти маишию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардида, сол то сол сатҳи зиндагии мардум боло рафта истодааст. Ин ҳама ниҳоли дарахти Ваҳдати миллӣ, ниҳоли дӯстиву рафоқат ҳамбастагиву якдилии мардуми мост.
Бо саъю кӯшишу Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, ба низоми нави иҷтимоӣ чун давлати соҳибихтиёр ба қатори давлатҳои ҷаҳон ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқию сиёсӣ бунёд шуда буданд. Айнан ҳамин қонуни асосии ҷумҳуриамон минбаъд ба ҳалли муҳимтарин бӯҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва барқарор намудани Ваҳдати миллӣ боис гардид. Ба пойдор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ пурра хотима бахшида шуда, шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз он ҷумла суд дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил карда шуданд.
Сулҳофаринии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён бори дигар тоҷику тоҷикистониро чун халқи асилу некандеш, хайрхоҳу поксиришт муаррифӣ намуда сулҳи тоҷикон барои дигар кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат гардидааст.
Бо ташаббуси қонунгузории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, пешрафти ҷомеа, талаботи ҷаҳони муосир, манфиатҳои миллӣ, боз ҳам устувор намудани ғояҳои ваҳдати миллӣ ва ягонагии ватанамон ҳамасола дар соҳаҳои сиёсат, ҳуқуқ, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанг қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида истодаанд. Қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Пешгирии хушунат дар оила», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва як қатор қонунҳои дигар ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсад аз ин мутобиқ сохтани қонунҳо ба талаботи имрӯз аст, шаҳодати гуфтаҳои болост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи асосии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии азизамонро бо таҳкими ваҳдати миллӣ тавъам дониста фармудаанд: «Аз шаҳрванди оддӣ сар карда, то корманди давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то вакил ва аъзои Парламент – вазифаи асосии онҳо тарғиби бедории миллӣ, зиракии хуби сиёсӣ, ҳисси баланди ватанпарварӣ ва ватандӯстӣ, густариши ғояҳои миллӣ ва мухимтар аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад».
Бешубҳа ин суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили ҳар як шаҳрванд таъсирбахш буда, моро барои расидан ба қадри осмони соф, сулҳу оромӣ, осоиштагӣ, рӯзгори обод, дӯстиву рафоқат ва комёбиҳои нав ҳидоят мекунанд.
Чун омили асосии пешрафт, музаффарият ва ишкишофи Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон Ваҳдати Миллӣ аст, ҳар яки мо новобаста аз касбу кор ва шуғламон бояд бо баҳри рушди ҳамаҷонибаи наврасон ва ҷавонон, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо ва меҳанпаврару ватандӯст тарбия намудани онҳо саҳмгузор бошем. Мо бояд ба симои Наҷотдиҳандаи миллати тоҷик, хуршеди бахти миллат назар карда, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромиро бо тамоми вуҷудамон ҳифз намуда, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшони миллати сарбаланди тоҷик ва шукуфоии Тоҷикистон қадамҳои устувори хешро гузорем.


Пристави судии
Суди шаҳри Бӯстон Анварҷонзода Дилноза