НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР СУДӢ ОЛӢ
Санаи 14 август дар Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 ахборот пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки мақомоти судии кишвар бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар нимсолаи якуми соли 2023 корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Чунончӣ, дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 69692 парванда ва дархосту пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 536 адад кам мебошад.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 6163 ададро парвандаҳои гражданӣ, 21334 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5543 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 25442 ададро парвандаҳои маъмурӣ, 4080 ададро дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 3495 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд.
Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 419 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 419 шахс баррасӣ шуда, аз онҳо ба 418 шахс ба маблағи умумии 2114332 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудаст.
Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷиҳати риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 9761 адад расида, бо 8826 парванда нисбати 8835 нафар қарор қабул карда, ба 3178 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 5657 шахс ҷарима ба маблағи умумии 1155204 сомонӣ таъин карда шудаст.
Бояд зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ судҳои ҷумҳурӣ доир ба масъалаҳои қабули таъинотҳои хусусӣ, гузаронидани ҷамъбасти амалияи судӣ ва ирсоли пешниҳодҳои дахлдор ба мақомоти марбутаи давлатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар фаъолият намуданд.
Аз ҷумла, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат карданд, судяҳо ҳангоми баррасӣ намудани парвандаҳо ҳар як ҳолатҳои мазкурро мавриди муҳокима қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар маҷмӯъ 15405 адад таъиноти хусусӣ бароварда, 415 ҷамъбасти амалияи судиро гузаронида, ба мақомоти дахлдор 742 адад пешниҳод ирсол намуданд, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 485 адад таъиноти хусусӣ, 7 адад ҷамъбастӣ ва 102 адад пешниҳод зиёд мебошад.
Ҷиҳати амалисозии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шаҳрвандон вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, мазмуну муҳтавои Конститутсия, қонунҳои кишвар, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро фаҳмонданд.
Баҳри ташвиқу тарғиби қонунҳо ва пешгирии қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ, судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 12516 адад парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карда, тариқи телевизиону радио 2553 маротиба баромад ва дар рӯзномаю маҷаллаҳо 919 хабару мақолаҳо ба нашр расониданд.
Дар баробари ин, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар 6902 чорабиниҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ баргузоршуда иштирок ва суханронӣ намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 724 адад зиёд мебошад.
Тариқи шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» бо иштироки кормандони мақомоти судӣ 10 адад барномаи ҳуқуқии «Мурофиа» ва тариқи шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» 15 барнома таҳти унвони «Ҳуқуқи Шумо» пешкаши тамошобинон гардонида шуданд.
Инчунин дар ин давра аз фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ 27 адад барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Додгоҳ» сабт ва тариқи телевизиони «Ҷаҳоннамо» пахш карда шуданд.
Ба ғайр аз ин, судяҳо дар 12 барномаи таҳлиливу ҳуқуқии «Инсон ва қонун»-и телевизиони «Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои дахлдор пешниҳод намуданд.
Дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо иштироки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ 26 барномаи «Маърифати ҳуқуқӣ»-и Радиои «ҒМ-Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» сабт ва дар мавҷи радиоӣ пахш карда шуданд.
Вобаста ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якум ва ҷиҳати беҳтар намудани кори мақомоти судӣ дар нимсолаи дуюми соли 2023 амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуданд, аз ҷумла:
— назорат аз болои фаъолияти судяҳо дар самти риояи муҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонун, ҳаматарафа, пурраю холисона баррасӣ намудани парвандаҳо, саривақт таҳияву ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ ва рафти иҷрои онҳо;
— таҳлилу ҷамъбаст кардани асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ ва мавриди муҳокимаю хулосабарориҳои ҷиддӣ қарор додани онҳо дар машғулиятҳои семинарии судяҳо, инчунин ҷаласаҳои кории судҳо;
— гузаронидани ҷамъбастиҳои амалияи судии категорияҳои мушаххаси парвандаҳои судӣ;
— тақвият бахшидани раванди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2030».