МАҶЛИСИ РАЁСАТИ СУДИ ОЛӢ
Санаи 5 июли соли 2023 маҷлиси Раёсати Суди Олӣ баргузор гардид.
Дар Раёсат роҳбарият, судяҳои Суди Олӣ, судҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо иштирок намуданд.
Дар маҷлис натиҷаи фаъолияти Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо дар давраи нимсолаи якуми соли 2023 таҳлил ва ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуданд.
Аз рӯи рӯзнома дар Раёсат доир ба натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Ш., вобаста ба натиҷаи баамалбарории адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ муовини Раиси Суди Олӣ Исҳоқӣ А.Н. ва оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои ҳарбӣ муовини Раис – раиси коллегияи ҳарбии Суди Олӣ Раҳмонзода С.С. ахборот доданд.
Сипас ахбороти роҳбарияти судҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти судҳои мазкур шунида шуд.
Дар маҷлиси Раёсат мушовири калони Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А. иштирок карда, вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ ибрози андеша намуд.
Дар интиҳои маҷлис Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён вобаста ба фаъолияти мақомоти судӣ дар давраи сипаришуда баромад намуда, ба судҳо барои бартараф намудани камбудиҳо, баррасии ҳаматарафа, пурра, холисона ва саривақтии парвандаҳо, қабули санадҳои қонунию асоснок ва назорати иҷрои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Баъдан аз ҷониби Раёсат вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 муайян карда шуда, вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.
Бо ҳамин маҷлиси Раёсати Суди Олӣ кори худро ба анҷом расонид.