Баргузории Конфронси минтақавӣ (EC LEPH2023) дар шаҳри Умеои, Подшоҳии Шветсия
Рӯзҳои 21 — 24 майи соли 2023 судяи Суди Олӣ Аланазарзода Шароф дар Конфронси минтақавӣ (EC LEPH2023) доир ба мавзӯи «Якҷоя ба сӯи ҷомеаи устувор», ки дар шаҳри Умеои, Подшоҳии Шветсия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодия баҳри солимии иҷтимоӣ” барпо гардида, дар он судяҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи як қатор кишварҳои Аврупо ва ҷумҳуриҳои Украина, Молдова ва Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур шинос шудан бо таҷрибаи пешқадами ҷаҳони муосир дар самти баррасии равишҳо ба сиёсати марбут ба маводи мухаддир ва такмили қонунгузорӣ бо мақсади коҳишёбии зарар, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои байнидавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.
Аз ҷониби намояндаи Тоҷикистон талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба паст намудани сатҳи табъиз ва тамғагузорӣ, ислоҳоти амалигаштаро дар доираи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 ва «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021, №145 тасдиқ шудаанд, таъкид карда шуд.
Иштирок дар конфронси мазкур имконияти омузиши таҷрибаи низоми Аврупои Шарқӣ ва Осиёси Марказиро дар самтҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ВНМО ва ҳуқуқи инсон, васеъ гардонида минбаъд аз таҷрибаи пурра ба даст овардашуда дар семинар-машваратҳо ва тренингҳо ба судяҳо самаранок омӯзонда мешавад.