Баргузории Конфронси 16-уми Созмони байналмилалии занон-судяҳо дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш

Рӯзҳои 11-14 майи соли 2023 дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш Конфронси 16-уми Созмони байналмилалии занон-судяҳо таҳти унвони «Занон-судяҳо: дастовардҳо ва чолишҳо» баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур 1200 нафар занон-судяҳо аз 72 давлати ҷаҳон аз ҷумла Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Мексика, Филиппин, Испания, Кореяи ҷанубӣ, Нигерия, Британияи Кабир, Марокаш, Тунис ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронси мазкур судяҳои Суди Олӣ Ҳаким Р.А., Пӯлодӣ М.К. ва раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саидзода Г.И. намояндагӣ намуданд.
Рӯзи 11 майи соли 2023 чорабинӣ бахшида ба ифтитоҳи кори Конфронс баргузор гардида, дар толори меҳмонхонаи “Kenzi Rose Garden”-шаҳри Марокаш рӯзҳои 12 ва 13 майи соли 2023 ҷаласаҳои пленарӣ дар мавзуъҳои “Баланд бардоштани салоҳияти занон-судяҳо”, “Афғонистон ва Созмони байналмилалии занон-судяҳо” ва “Ҳаракат дар самти адолати судии фарогир”, “Тартиби муошират бо ҷабрдидагони зӯроварӣ”, “Зӯроварии гендерӣ”, “Савдои одамон ва муҳоҷират” баргузор гардид.
Дар ҷаласаҳо судяҳо-аъзои Созмони зикршуда аз Мексика, Филиппин, Испания, Кореяи ҷанубӣ, Нигерия, Британияи Кабир, Марокаш, Тунис оид ба таҷрибаи ин давлатҳо аз рӯи мавзуъҳои матраҳшуда баромад намуданд. Инчунин, собиқ судяҳо-занони Ҷумҳурии Афғонистон, ки пас аз ба сари қудрат омадани толибон бо кӯмаки Созмони мазкур аз ҳудуди Афғонистон бароварда шуданд, дар хусуси кӯмаки Созмон суханронӣ намуданд.
Рӯзи 14 май чорабинӣ идома ёфта, шаҳри Кейптауни Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ маҳалли баргузории конфронси оянда муайян карда шуд.
Ҳадафҳои асосии конфронс ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Созмони байналилалии занон-судяҳо дар давраи ду соли охир, табодули афкор оид ба таҷрибаҳои беҳтарин дар самти таъмини волоияти қонун, баррасии парвандаҳо оид ба зӯроварӣ дар оила, нисбат ба ноболиғон, занон, савдои одамон, муҳоҷират ва баланд бардоштани иқтидори занон-судяҳо ва созмонҳои онҳо буда, барои баланд бардоштани иқтидори касбии иштирокдорони он манфиатбахш арзёбӣ карда шуд.