Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Бӯстон

Субҳи 21 майи соли 2023 дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ», ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи умумимиллии дав барои солимӣ ва оммавияти варзиш эълон гардидааст, маъракаи оммавии варзишӣ доир гардид.
Дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ раиси шаҳри Бӯстон роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, намояндагон аз ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон ва занону духтарон фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ кулли иштирокдоронро ба фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши варзишро дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим арзёбӣ намуда, онро яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб мешуморанд.
Гуфта шуд, ки имрӯз дар шаҳри Бӯстон низ ҷиҳати таъмини фазои мусоид баҳри ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон ва сокинону меҳмонон иқдоми судманд роҳандозӣ гардидааст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар коргоҳу муассисаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои оммавии варзишӣ ва теренкур доир карда мешавад.
Дар маъракаи Дави миллӣ беш аз 1500 нафар сокинони шаҳр иштирок дошта, аз инҳо 650 нафарашонро бонувон ташкил медод. Ҳайати иштирокиёни Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз назди маркази ташхиси тиббии хусусии «ИГНЭС» дав ва марафонро оғоз намуда, то назди бинои Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон тариқи хиёбони Сомониён идома доданд.
Маъракаи оммавии варзишӣ дар сатҳи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ташкил ва гузаронида шуд.