ПАРЧАМ НИШОНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

Баргузории роҳпаймоии идонаи сокинони шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонБаргузории роҳпаймоии идонаи сокинони шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи 24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҳамчун рамзи эҳтиром ва гиромидошт ба Парчами миллӣ роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар роҳпаймоӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, суди шаҳри Бӯстон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, саноат, донишҷӯёну устодони шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, хонандагону омӯзгорони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр бо аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳо ширкат намуданд.
Роҳпаймоии идона тариқи кӯчаи ба номи Фотеҳ Ниёзӣ аз назди бинои маъмурии прокуратураи шаҳр то гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон идома ёфт. Воқеан Парчами давлатӣ рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик, ифодагари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.
Баъдан иштирокчиёни роҳпаймоии идона дар барномаи рангини фарҳангӣ дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Субҳи имрӯз, 24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҳамчун рамзи эҳтиром ва гиромидошт ба Парчами миллӣ роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар роҳпаймоӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, саноат, донишҷӯёну устодони шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, хонандагону омӯзгорони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр бо аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳо ширкат намуданд.