35 соли Истиқлолият — бузургтарин дастовард.
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихӣ ба шумор меравад. Ба даст овардани соҳибистиқлолӣ барои халқи Tоҷикистон оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ гардид. Дар тӯли 35 соли истиқлол кишвари мо роҳи пуршарафу пурифтихорро тай намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Дар ин раванд хизматҳои шоистаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои муаззами миллат бисёр бузург арзёбӣ мегардад.
Истиқлолият — неъмати бузурги миллат
9 сентябри соли 1991 барои халқи тоҷик рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз гардид. Маҳз дар ҳамин рӯз Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Истиқлолият ба мардуми тоҷик имконият дод, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намояд, сиёсати дохиливу хориҷии худро пеш барад ва барои ояндаи дурахшон замина гузорад.
Аммо солҳои аввали истиқлолият барои кишвар хеле душвор буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисод, иҷтимоиёт ва зиндагии мардум таъсири манфӣ расонд. Дар чунин шароити ҳассос роҳбари оқилу дурандеш лозим буд, ки миллатро муттаҳид созад ва давлатро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Ин масъулияти бузургро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш гирифтанд.
Нақши Пешвои муаззами миллат дар таҳкими давлатдорӣ.
Аз рӯзҳои аввали роҳбари Пешвои муаззами миллат тамоми қувва ва дониши худро барои барқарор намудани сулҳу субот равона намуд. Бо талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандона дар кишвар сулҳ барқарор гардид ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон мебошад.
Сулҳу ваҳдат барои рушди минбаъдаи давлат заминаи устувор фароҳам овард. Баъди барқарории сулҳ дар мамлакат корҳои ободонӣ оғоз ёфтанд. Роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳим сохта шуданд. Шаҳру ноҳияҳои кишвар рӯз то рӯз ободу зебо мегарданд.
Рушди иқтисоди миллӣ.
Дар солҳои истиқлолият иқтисодиёти Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд кард.. Бо дастгирии давлат корхонаҳои нав таъсис ёфтанд, соҳаи энергетика пешрафт намуд ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ афзоиш ёфт. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, барои пешрафти кишвар аҳамияти калон дорад.
Имрӯз Тоҷикистон дар соҳаи сохтмони роҳу нақбҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Роҳҳои байналмилалӣ кишварро бо дигар давлатҳо мепайванданд ва барои рушди савдо мусоидат мекунанд. Ҳамчунин, неругоҳҳои барқи обӣ имконияти таъмини аҳолиро бо неруи барқ беҳтар гардониданд.
Пешрафти илму маориф ва фарҳанг
Дар даврони истиқлолият ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Садҳо муассисаҳои таълимӣ сохта ва таъмир гардиданд. Ҷавонон имконияти бештар барои таҳсил ва аз худ кардани донишҳои муосир пайдо намуданд. Барномаҳои давлатии дастгирии ҷавонон барои тарбияи насли босаводу ватандӯст мусоидат мекунанд.
Фарҳанги миллӣ низ рушд ёфт. Ҷашнҳои таърихӣ ва миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегарданд. Арзишҳои миллӣ эҳё шуда, забони давлатӣ мақоми баланд пайдо кард. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари дорои фарҳанги қадима дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад.
Сиёсати хориҷӣ ва обрӯи байналмилалӣ
Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона барқарор намуд. Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкориро пеш мебарад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд ва обрӯи мамлакатро баланд бардоштанд.
Имрӯз Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳм мегузорад. Ин ҳама нишон медиҳад, ки кишвари мо дар сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи арзанда пайдо намудааст.
Ҷавонон — ояндаи миллат
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дастгирии ҷавонон мебошад. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа ҳастанд. Барои ҷавонон шароити хуби таҳсил, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятӣ фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва соҳаҳои гуногуни илмӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки насли ҷавон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ояндаи кишвар саҳм мегузорад.
Хулоса
35 соли истиқлолият барои Тоҷикистон давраи бунёдкорӣ, пешрафт ва таҳкими давлатдорӣ мебошад. Дар ин муддат кишвари мо бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Сулҳу ваҳдат, рушди иқтисод, пешрафти маориф ва баланд гардидани обрӯи байналмилалӣ аз ҷумлаи муҳимтарин муваффақиятҳои даврони истиқлолият мебошанд.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд истиқлолиятро ҳамчун неъмати бебаҳо қадр намояд, барои ободии Ватан саҳм гузорад ва дар роҳи ҳифзи сулҳу ваҳдат кӯшиш намояд. Зеро ояндаи дурахшони кишвар аз заҳмату ҳамбастагии ҳар яки мо вобаста аст.
Боҳир Зоирзода, Раиси суди шаҳри Бӯстон.
Суди шаҳри Бӯстон 