16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳомии Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат!

» Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии Тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳама давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа роҳбарони оқилу доно ва фозилу хирадманде зарур буданд ва заруранд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда,дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд.Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табори шахсиятҳое ҳастанд, ки барои кишвари мо ва сокинони он, ин асолати таърихиро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз ҷаҳди пурсамар менамоянд».

Бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ барои барқарории тинҷиву оромии мамлакат талош карда, миллати парокандаро сари дастархони оштӣ, гурезпҳоро ба Ватан баргардонид, ба миллати гирифтори ҷанг ваҳдату субот ва амнияту истиқлол овард. Мо аз доштани чунин як Пешвои шинохташудаи сатҳи ҷаҳонӣ воқеан ифтихор дорем.

Гул дар қадамат нисор кардан шараф аст,

Бо номи Ту ифтихор кардан шараф аст.

Ҳарфат чӣ хуш аст, калом наздик ба дил,

Ҳар ҷо суханат шиор кардан шараф аст!

Рӯзи Президент муборак!

Пристави судии суди шаҳри Бӯстон

Дилноза Анварҷонзода