Табрикоти раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ раиси шаҳри Бӯстон ҳамроҳ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кормандони мақомоти судиро табрик намуд. Зимнан раиси шаҳр аз нақшу саҳми назарраси мақомоти судӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ ёдовар шуда, ҳамаи кормандону собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ табрику таҳният гуфтанд.