Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Шоми 22 майи соли 2023 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, як қатор меҳмонон аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонони касбу кори гуногун, гирандагони стипендияҳои номӣ, сарбозону афсарони шуҷои Ватан, аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва дигар сокинону меҳмонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангии бошукуҳи идона баргузор карда шуд.
Нахуст, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ кулли ҷавонон ва сокинони шаҳрро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, барояшон бурдбориву муваффақиятҳо таманно намуд. Зикр гардид, ки дастгирии давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба масъалаи амалӣ намудани иқдомҳои неку созандаи ҷавонон, ҷалби онҳо ба мақомҳои роҳбарикунанда ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.
Намояндаи Ҳукумати кишвар Маҳмадсаид Шоҳиён дар паёми табрикии хеш иброз намуд, ки ҷавонон чун нерўи созандаи давлату ҷомеа, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҷавонмардона ва далерона ҳимоя намуда, дар дифоъ аз Ватани маҳбубамон шуҷоату далерӣ ва устувориву иродаи қавӣ нишон медиҳанд. Дастгирии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, хушбахтона саҳми ҷавонон дар рушди босуботи тамоми соҳаҳо ба мушоҳида мерасад.
Дар идома қайд гардид, ки дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ояндасозу номбардори кишвар-ҷавонон тамоюли афзунгардиро касб намуда, намунаи олитарини ин таваҷҷуҳ таъсиси силсилаи имтиёзҳо, аз ҷумла, таъсиси стипендияву квотаҳои Президентӣ, муқаррар намудани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, бунёди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо шаҳодати равшани гуфтаҳои болоист.
Баъдан, дастагули суруду таронаҳои дилангези сарояндагони вилоят ва шаҳри Бӯстон, дастовези рақсу бозиҳои дилошӯби ансамблҳои рақсӣ, намоишномаҳои ҳарбикунонидашуда ва варзишӣ ба тантанаҳои идонаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шукуҳи тоза бахшид.