Таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Бӯстон
22 марти соли 2024 дар майдони Нишони давлатии шаҳри Бӯстон бахшида ба таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз чорабинии бошукуҳи идона доир гардид. Дар майдони нишони давлатӣ, ки ба идгоҳ мубаддал гардида буд, субҳи барвақт сокинон бо шукргузорӣ аз фазои осудаву суботи кишвар ҳозир гардида, бо расму ойинҳои писандида шодиву нишот намуданд.
Нахуст меҳмонон аз гӯшаи бозиҳои милливу варзишӣ, табиати зинда, хаймаҳои муассисаҳои системаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, маҳаллаҳо ва корхонаҳои саноатӣ дидан намуданд.
Директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён номаи табрикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи иштирокдорон расонида, зикр дошт, ки сокинони шаҳри Бӯстон хушбахтона чун дигар сокинони кишвари маҳбуб дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни фархундаву умумимиллиамон – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи устувор ҷаҳду талош намуда истодаанд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилоят Абдумаҷид Раҳимов, номаи табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯзро ба самъи сокинон расонида, кулли шаҳрвандонро бо ин ҷашни фархунда таҳният гуфт.
Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода кулли ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии ҷашни фархундаи Наврӯзи аҷам, ки бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳи ҷаҳониро касб намуд таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, рӯзгори пурфайз ва шодиву нишоти ҷовидонӣ таманно намуд.
Баъдан, барномаи рангини ҳунарии аҳли фарҳанги вилоят ва шаҳр ба чорабинӣ шукуҳи тоза зам намуд.