САМАРАИ СИЁСАТИ ДАРҲОИ БОЗ
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари амну субот ва рӯ ба рушд мақому эътиборӣ баланд пайдо намуд. Ин ҳама дастовардҳо дар самти сиёсати хориҷии мамлакат аз сиёсати пешгирифтаву дурбинона ва хирадмандонаи Сарвари давлат, яъне сиёсати “дарҳои кушод” сарчашма мегирад, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали фаъолият ин роҳи ояндадори кишварро интихоб намуданд.
Чӣ хеле ки Президенти кишвар дар Паёми навбатии хеш аз 28-уми декабри соли 2024 таъкид медоранд: “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушод» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигари қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад”.
Маҳз ин сиёсати фардобин имкон дод, ки Тоҷикистони азизи мо чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи башарӣ эътироф гардида, таклифу пешниҳодҳои байналхалқии Пешвои миллат, ки аҳамияти умумихалқӣ доранд, якдилонаву дастҷамъона аз ҷониби тамоми давлатҳо дастгириву амалӣ шуда истодаанд.
Дар ин бобат Сарвари давлат баён медоранд, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад. Дар ин росто, кишвари мо робитаҳои худро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ талош меварзад. Мо минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкориҳои созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии худ тадбирҳои зарурӣ меандешем.
Боҳир Зоирзода,
Раиси Суди шаҳри Бӯстон