ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОДО ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукуҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номуси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо мебошад».
Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчами давлатӣ тассавур кардан ғайриимкон аст. Парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус мебошад. Аҷдодону гузаштагони мо ҳанӯз аз замонҳои Каёниён соҳиби диравше буданд, ки мавҷудияти соҳибдавлатию озодии онҳоро ифода мекард. Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи Ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ маъруф аст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби Парчами давлатӣ, яъне рамзи таҷассумгари гузаштаи пурҳикмат ва ояндаи дурахшони худ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқ мебошад, дар Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони халқ 24 — ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Ҳамзамон бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва рӯ овардан ба ин арзишҳо 19 — ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24 — ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора қабул шуд. Рангҳои парчами миллӣ дар худ маънеҳоеро таҷассум менамояд, ки ба миллати мо қаринанд: -Ранги сурх — озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед — сулҳ ва оромӣ, ранги сабз — ободӣ ва ривоҷу равнақро баён менамояд. Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар руйи Парчам акс ёфтаанд, рамзи миллати куҳан ва фарҳангофар мебошад.
Нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Кониститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан  ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Боиси хушнудист, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарини созмонҳои байналмилалию умумӣ ҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад парафшонӣ мекунад ва ин ифтихори тамоми мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз мебошад.
Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром доштану ру овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад. Имрӯз мо бояд, аз Парчами миллии худ ифтихор дошата бошем, эҳтироми онро чун сарвати гаронбаҳои умумӣ миллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ба ҷавонон бирасонем.
Кулли мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси миллӣ, рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегуям.

Пристави судии
Суди шаҳри Бӯстон
Анварҷонзода Дилноза