Ҳокимияти судӣ меваи Истиқлол
Ҳокимияти судӣ меваи Истиқлол
Истиқлолият неъмати бебаҳои ҳар халқу миллат аст, ки бо ноил шудан ба он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар тағийр ёфта, ба зуди рушту нумуъ меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи он давлатҳоест, ки дар таърихи мавҷудияти худ ба ин немаъти илоҳї сазовор гаштааст. Ҳанӯз соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки дар саҳифаи таърих 9 сентябрро ҳамчун рўзи тақдирсоз рўзе, ки метавонад ҳаёти минбадаи мардуми тоҷикро ба кулли тағйир диҳад дарҷ кунад.
Хушбахтона халқи тоҷик ҳар сол 9 сентябрро ҳамчун рўзи ташкилёбии давлати соҳибистиқлоли худ ҷашн мегиранд. Истиқлолият тавонист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин лаҳзаи бавуҷудоиаш ба тамоми соҳаҳои њаёти кишвар таҳаввулотҳоии бузургро ворид созад. Аз ҷумла сохтори ҳокимияти давлатӣ тағир ёфта, дар замири он ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба миён омад. Махсусан аввалин маротиба дар моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун ҳокимияти мустақили давлати эътироф гардидааст.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.
Пристави судии суди
шаҳри Бӯстон Анварҷонзода Д.