НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА
7 январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таҳти раёсати раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2022 доир гардид. Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Маҳмадсаид Шоҳиён, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори идораи хӯроквории вилоят Баҳодур Яқубзода, муовинон ва и.в.роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, суди шаҳри Бӯстон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолону аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.
Нахуст оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар соли 2022 ҳисоботи муовини раиси шаҳр Хуршед Сатторзода шунида шуд.
Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2022 фаъолияти худро ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда аст.
Гуфта шуд, ки дар ин давра, бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат 6 адад корхонаи истеҳсолӣ ва обанбор бо ғунҷоиши 1000 куб дар маҳаллаи Наврўз ба истифода супорида шуд, ки бо руҳияи болида ва масъулияти баланд соҳибкорони шаҳр дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузоштанд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декабри соли 2021 нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон аз моҳи апрели соли 2022 иборат аз 51 банд таҳия гардида, тибқи он дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон машварати дастурдиҳӣ ба аъзоёни гуруҳи тарғиботӣ-ташвиқотии маҳаллӣ баргузор гардид. Дар асоси нақшаи мазкур дар тамоми коргоҳу муассисаҳои шаҳр бо кормандони касбу кори гуногун ва аҳолии маҳаллаҳо мулоқоту суҳбатҳо ташкил ва баргузор гардид. Дар идомаи баромад муовини раиси шаҳр Хуршед Сатторзода доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар соли 2022 ҳисобот дод.
Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, ба роҳбарону фаъолони шаҳр ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат, роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Маҳмадсаид Шоҳиён ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Баҳодур Яқубзода, суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои ҷомеаи меҳнатии шаҳри Бӯстон дар соли 2022 баёни андеша намуда, ба масъулин баҳри саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта тавсияву маслиҳатҳои мушаххас доданд.