Конститутсия ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Риояи қонун ва фаъолияту зиндагӣ дар заминаи муқаррароти санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ инсонро аз ҳамагуна нобарориву душвориҳо раҳо бахшида, роҳи босаодату бонизомро барояш боз менамояд. Дар ин раванд зикри таъбири донишманди бузурги Юнони қадим бамаврид аст, ки изҳор медорад: «Агар хоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи қонун бош». Дар воқеъ агар инсон дар доираи талаботи Конститутсия ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ амал намуда, онҳоро риоя намояд озодона кору зиндагӣ мекунад.
Агар ба низоми тафсири санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ назар афканем муайян аст, ки ҳама гуна қонун, кодекс ва зерсанадҳои ҳуқуқӣ дар заминаи муқаррароти Конститутсия қабул ва амалӣ карда мешаванд. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар худ низоми давлатдорӣ, шакли идораи давлатӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва дигар меъёрҳоро таҷассум менамояд.
Рушди бонизоми аксари кишварҳои олам дар заминаи муқаррароти конститутсияҳои дар замони осоишта ва маҷрои муайяни зиндагӣ қабулгардида таъмин гардида, босуръат идома пайдо намуда истодааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияи дигар кишварҳо ба он фарқ мекунад, ки дар замони бениҳоят ҳассос ва ноамниву нобасомониҳо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Маҳз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари озоду соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Дар заминаи Конститутсия сохтори идораи давлатӣ, меъёрҳои гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, рамзҳои давлатӣ муайян гардиданд. Конститутсия пеш аз ҳама имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат низому тартибот ҷорӣ гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифз карда шавад. Воқеан, бо қабули Конститутсия Тоҷикистони азизу муқаддас дар асоси меъёрҳои конститутсионии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ рӯ ба рушд ниҳод. Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Маҳз арзишҳои олии инсондӯстӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи конститутсионӣ буд, ки дар қатори конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Нақш ва саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳия ва қабули конститутсияи мукаммалу инсонмеҳвар басо арзишманду калидист. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия мардуми шарифи кишварро даъват намуда, бамаврид изҳор доштанд, ки: Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар мамлакат 6-уми ноябр ба сифати рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Соли равон таҷлили рӯзи Конститутсия дар солномаи таърихии миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам меояд. Ба ин муносибат кулли ҳамдиёрони азизро таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва ба кишвари озоду соҳибихтиёрамон ваҳдату осоиштагии ҷовидона таманно дорам. Роҳат сафед, истиқлолу озодият поянда ва иқболат баланд бод Тоҷикистони азиз!
Ҷабборзода Ф.С.,
раиси суди шаҳри Бӯстон