БО ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД

Яке аз масъалаҳои  ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад.

Шомил гардидани шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст задани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш оварда истодааст.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистон давлати мо Тоҷикистон — соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.

Маҳфум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ  яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад.

Имрӯз мо бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри Ватан — Модар бирасем ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоем.

Ҳар як падару модар бояд бохабар бошанд, ки он фарзандоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ҳастанд, чи гуна шароити буду бош доранд.

Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд.

Афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои  номатлуб шомилшуда бо роҳи  ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои  дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда,  дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва  монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро  пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.

Аз ҳамин сабаб, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки он боиси вусъат пайдо намудани  ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ  дар байни ҷавонон мешавад. Маълум аст, ки танҳо бо роњандозӣ намудани чораҳои махсус аз ҷониби мақомоти давлатӣ,  мубориза намудан нисбат ба зуҳуроти фаъолияти гурӯҳҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои  ҳалли ин масъала  равона кардани неру ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ бо мақомоти ғайридавлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ  бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир,  меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғибу таблиғ намудан лозим аст.

Хулоса, барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба ниҳодҳои давлатӣ бо он мубориза баранд ва ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин нигоҳ доранд.

 

Раиси суди шаҳри Бӯстон                                                                                                    Ҷабборзода  Ф.C.