БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ
Рӯзҳои 8-9 ноябри соли 2023 дар толори суди вилояти Суғд бо ҷалби кормандони дастгоҳҳои судҳо – шахсони мутасаддии кор бо сомонаҳо тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Суди Олӣ сурат гирифта, дар он аз ҷониби мутахассисони соҳаи иттилоотиву коммуникатсионӣ тарзи пешбурди кори сомонаҳо, ворид ва ё тағйир додани маълумоти сомонаҳо омӯзонида шудаанд.