БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ФАЪОЛОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

14 июли соли 2025 таҳти раёсати раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ аз ҷумла раиси суди шаҳри Бӯстон Зоирзода Боҳир оид ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазода ширкат намуданд.