АСОСҲОИ АДОЛАТИ СУДӢ
Ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Аз таҷрибаи таърихи ҳокимияти судӣ метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки мурофиаи судӣ ягона шакли муқаррар намудаи ҳақиқати воқеӣ, беҳтарин роҳи ҳалли ҳар гуна муноқишаҳост. Суд на танҳо манфиати шахсони алоҳида ё ташкилоту муассиса балки давлатро низ ҳимоя мекунад, ки дар ҷамъият онро адолати судӣ мегуянд. Таъмини адолат ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар худи мақомоти судӣ аз ҳаргуна фишору дахолати ниҳодҳои давлатӣ озод буда, судяҳо дар асоси далелҳои мавҷуда, холисона, аз рӯи виҷдон ва донишу малакаи касбиашон ҷустуҷӯ ва дарёфт кунанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз ҷониби судяҳо амалӣ мегардад. Ин нуқта ба он ишора мекунад, мақомоти дигар ё шахсони алоҳида ҳуқуқӣ таъмини адолати судиро ба ҷуз ҳокимияти судӣ надорад.
Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз ин рӯ дар чунин сохтори давлатдорӣ ягон мақомот ва ё ташкилоту муассиса бе асоси қонунӣ амал карда наметавонад. Барои ҳамаҷониба равшан кардани вазифаҳо, тарзу усули фаъолият ва ҳалли масъалаҳое, ки дар назди мақомоти судӣ истодаанд, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 6 августи соли 2001 қабул гардида, санаи 26 июли соли 2024 ба он тағийру иловаҳо ворид гардидааст, роҳнамои мақомоти судӣ мебошад.
Ҳам дар Конститутсия ва ҳам дар Қонуни мазкур асосҳои адолати судӣ муқаррар шудаанд. Мутобиқ ба ин санадҳо адолати судиро танҳо Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дар амал тадбиқ мекунанд.
Адолати судӣ мафҳумест, ки дар иҷрои он судҳо меъёрҳои ҳуқуқиро нисбат ба баҳсҳо ва масъалаҳои дигари ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, мадданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ дар маҷлисҳои судӣ татбиқ менамоянд. Суоле ба миён меояд, ки адолати судиро судяҳо ва кормандони гуногуни мақомоти судӣ дар асоси кадом меъёрҳои ҳуқуқӣ амалӣ мегардонанд. Ин меъёрҳо пеш аз ҳама аз принсипҳои асосии фаъолияти судӣ сарчашма мегиранд. Яке аз принсипҳои асосии фаъолияти суд ин баробарии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату нажод, вазъи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб ва навъи машғулият ба шумор меравад. Яъне дар истифода аз ҳуқуқи ҳимояи судӣ ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин ашхоси бетабаа бо ҳам баробаранд.
Мустақилияти пурраи судҳо ин принсипи дигари фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳангоми амалисозии адолати судӣ, судҳо танҳо ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда итоат мекунанд. Ваколат, дахлнопазирӣ, махфӣ будани машварати судҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ, ҳуқуқи ба истеҳфо баромадан, ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба суд ва дигар масъалаҳои фаъолияти судро қонун муайян кардааст.
Забони мурофиаи судӣ принсипи дигари адолати судӣ мебошад. Асосан мурофиаи судӣ бо забони давлатӣ ва ё бо забони аксари аҳолии маҳал сурат мегирад. Дар ҳолати надонистани забони давлатӣ шахсони алоҳида бо тарҷумон таъмин карда мешаванд, ки ин талабот дар моддаи 88-уми Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеъ баён шудааст.