БАРҚРО САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМОЕМ

Самаранок ва сариштакорона истифода намудани энергия бо иродаи қавӣ дар амал татбиқ кардани якчанд тадбирҳоро аз тарафи роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо ва сардорону аъзои оилаҳо талаб менамояд. Бояд ҳар як шахс ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сарфаю сариштакорона истифода намудани неруи барқ тасаввуроти кофӣ дошта бошад ва тибқи он амал намояд, вазъи молиявию иқтисодӣ ва ҳаёти иҷтимоии ӯ хеле беҳтар гардида, захираҳои энергетикӣ низ дар мамлакат сарфа мешавад.
Дар сохтмони биноҳо, иншоот ва хонаҳо бояд талаботи муосири сохтмонӣ оид ба масъалаи сарфаи барқ пешбинӣ шавад, зеро биною иншоот ва хонаҳои бо назардошти сарфаи энергия сохташуда хароҷоти оилаҳоро аз якчанд баробар кам менамоянд. Барои шаҳрвандон якчанд усули хеле содда ва самаранок мавҷуд ҳастанд, ки бо риояю амалинамоии онҳо бо хароҷоти камтарин метавон бо энергияи зарурии барқу гармӣ таъмин гардид.
Инчунин муҳим аст мардум бидонанд, ки ҳар як киловати барқи истифодакардаашон аз истеҳсол, интиқол ва тақсимоти он осон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки ҳаҷми барқи истифодакарда ва маблағҳои барои он пардохткардаашонро ба таври доимӣ таҳлил карда, бо ҳисоби миёна дар моҳҳо ва солҳо муайян намоянд, ки агар онро бо риояи роҳҳои сарфанамоӣ истифода баранд, ба буҷаи оила то кадом андоза манфиат ворид мешавад.
Дар асоси моддаи мазкур, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад.
Дар асоси қисми 3 ин модда, кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Миқдори калон ва миқдори махсусан калон дар эзоҳи моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ шарҳ дода шуда, мутобиқи он таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои боби 26 андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ҳамзамон, дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷинояти дар моддаи мазкур (ба истиснои қисми 3) пешбинишуда агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбурда пешбинигардида таъин карда мешавад. Дар ин робита ба моддаи 49 кодекси мазкур тағйири дахлдор ворид карда мешавад.
Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 382 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда мешавад.
Зоирзода Боҳир
Раиси суди шаҳри Бӯстон