ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, дар Конститутсияи худ ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кард. Ин меъёр ба он далолат мекунад, ки шинохти тамоми арзишҳои дигар дар доираи манфиату манзалати инсон имконпазир аст. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад, ки ин ҳам аз файзи истиқлолият аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин нигоҳ ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъминкунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хидматиашон ҷойгоҳи хосро муносиб диданд. Самараи чунин таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат аст, ки дар тулии солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯи эҳтиёҷи замон ва фароҳамоварандаи заминаҳои пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуда, сол ба сол собиту маҳкамтар мегардад. Чунки Сарвари давлат ҳамчун роҳбари дурнигар ҳанӯз дар солҳои вазнини даргириҳои дохилӣ дарк намуда буданд, ки танҳо ҳарфу меъёри қонун ҷомеаро аз бенизомӣ ба низом ва аз вартаи нобудӣ ба арсаи бақову пойдорӣ оварда мерасонад.

Таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти маҳбуби кишвар қарор дошта, корҳои зиёде дар ин самт анҷом ёфтаанд. Чунончи, қабул ва татбиқи барномаи вижаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ, ки маҳз бо эҳтимоми Пешвои муаззами миллат сурат гирифт, дар шаклгирии низоми боадолатона, таҳкими сохтори судӣ нақши муассир гузошт. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар чор давра (солҳои 2007 — 2010, 2011 – 2013, 2015 – 2017 ва 2019-2021) қабул шуданд, ки мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардошташ нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.

Барои таъмини иҷрои Барномаҳои мазкур як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла оид ба ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо, ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ роҳандозӣ гардида, дар ин раванд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра қонунҳо оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Инчунин Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Дар натиҷаи рушди босуръати соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа шумораи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сол то сол зиёд шуда истодаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо шуда, барои босифат ва дар мўҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ гардидани парвандаҳо метавонад таъсири манфӣ расонад. Барои таъмини саривақтии баррасии парвандаҳо, кам кардани сарбории судяҳо ва соддагардонии мурофиаҳои судӣ рушди мурофиаҳои то судӣ мувофиқи мақсад мебошад. Чунин муносибат тарафҳоро ба созиш меорад ва ба ҳалли то судии баҳси тарафҳо мусоидат менамояд. Дар ин радиф ба таври соддакардашуда баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои категорияи вазнин ба мақсад мувофиқ аст. Вобаста ба ин ва бо мақсади ҳалли дигар масъалаҳои фаъолияти судӣ ба қонунгузории мурофиавии маданӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҷдид мегардад, ба онҳо таѓйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.

Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд». Ин таъкиди Президенти мамлакат кулли кормандони мақомоти судиро муваззаф месозад, ки зимни иҷрои вазифаи ба зимма доштаашон дар таҳкими фаъолияти худ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо инчунин такмили қонунгузорӣ дар ин самт бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ амал намоянд.

 

 

Пристави судии Суди
шаҳри Бўстон
Анварҷонзода Дилноза